Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз шабакаи Ал-Аҳд, «Муҳаммад Ал-Ҳиндӣ» муовини дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал-Масираи Яман гуфт: минтақа дар баробари кӯшиш барои таҳти тасарруф қарор додани он аз ҷониби Амрико муқовимат мекунад ва «Исроил» дар барқарор кардани ҳайбати аздастрафтаи худ ноком шуд.
Ӯ афзуд: кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Шарм-уш-Шайхро масъули идомаи ҷиноятҳо дар навори Ғазза медонем.
Ал-Ҳиндӣ гуфт: ҷунбишҳои Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар сурати дастрасӣ ба тавофуқ бар сари мубодили нав, ба Созмони озодибахши Фаластин хоҳанд пайваст.
Ӯ дар анҷом таъкид кард: нақши Созмони озодибахши Фаластин дар шароити кунунӣ барои пешбурди тавофуқҳо бо душмани «Исроилӣ» истифода мешавад.
Your Comment